Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор медали варзишгарони тоҷик дар Алматӣ


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ дар Қазоқистон чаҳор медал ба даст оварданд.

Дар сабқати ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Алматӣ дар чаҳор гурӯҳ –
бузургсолон, навҷавонон, собиқадорону маълулон баргузор шуд, ҳудуди 1000 варзишгар аз 47 кишвар ширкат варзиданд.

Варзишгари тоҷик Ҳусейнҷон Қурбонов дар сабқати устодони
синнашон аз 45-сола боло дар рақобатҳои инфиродӣ ҳам бо дасти чап ва ҳам бо дасти рост бо ду медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Инчунин намояндагони дигари Тоҷикистон Акмали Аҳтамзод ва Диловар Ҷӯраев дар сабқати наврасон бо дастаи чап ба дарёфти медалҳои биринҷӣ мушарраф шуданд.

Вазнабардори тоҷик – барандаи Ҷоми Осиё


Низом Сангов, варзишгари тоҷик, барандаи медали тиллои Ҷоми Осиё оид ба вазнабардорӣ гардид. Дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки дар Ҷумҳурии Узбакистон баргузор шуд, Тоҷикистонро ду варзишгар намояндагӣ карданд.

Низом Сангов дар рақобатҳо дар вазни то 62 килограмм бо натиҷаи 116 кг + 140 кг мақоми аввалро касб кард. Ин дар таърихи вазнабардории тоҷик беҳтарин натиҷа мебошад.

Варзишгари дигари тоҷик Диловар Мирасов дар вазни то 69 килограмм бо натиҷаи 115 кг + 140 кг мақоми сеюмро соҳиб гашт ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Ҳоло вазнабардорони тоҷик ба мусобиқаи қаҳрамонии кишвар, ки рӯзҳои 17-18-уми декабр баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

Дуюмин пирӯзии муштзани тоҷик


Мададӣ Нағзибеков, муштзани маъруфи тоҷик, дар сабқати WSB - Cилсилаи ҷаҳонии бокс дар шаҳри Парижи Фаронса дар ҳайати бошгоҳи бокси шаҳри Бокуи Озарбойҷон - “Baku Fires” пирӯзӣ ба даст овард.

Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 61 килограмм бар Любомир Маржановичи сербиягӣ, ки бошгоҳи фаронсавии “Paris United”-ро намояндагӣ кард, бо тасмими якдилонаи доварон дастболо шуд. Ин дуюмин пирӯзии Мададӣ Нағзибеков дар сабқати WSB маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG