Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои занон: “Нафақаамонро боло баред!”


Ин акс аз бойгонист.
Ин акс аз бойгонист.

Ҳудуди 50 зан дар Кӯлоб хостори тағйири баъзе моддаҳои қонуни “Таъйини нафақаи шаҳрвандон” шудаанд.

Ин гурӯҳи занҳо, ки собиқаи корӣ надоранд, аз нафақае, ки давлат барояшон муқаррар кардааст, норизоянд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд расман дар идорае кор накардаанд, аммо дар тарбия ва ба воя расонидани фарзандҳое саҳм доранд, ки ҳоло ба давлат хидмат мекунанд.

Шикояти ин занҳоро созмони ҷамъиятии “Наҷоти кӯдакон” дастрас кардааст ва ҳоло мехоҳад, аз номи ин занҳо барои тағийри қонуни мазкур ба порлумони кишвар мактуби расмӣ ирсол намояд.

Сайрамбӣ, яке аз ин занҳои норозӣ, ки ба синни 59 мерасад, мегӯяд, вақте барои ба нафақа баромадан ба идораҳои дахлдор муроҷиат кардааст, аз ӯ собиқаи корӣ пурсидаанд. Ин зан мегӯяд, дар аввал ба ӯ гуфтаанд, ки бидуни ҳуҷҷате, ки собиқаи кории ӯро нишон медиҳад, тамоман нафақа намегирад, аммо пас аз чанд ҳафтаи саргардонӣ ва дарки воқеияте, ки ӯ собиқаи корӣ надорад, барояш 40 сомонӣ, наздики 10 доллари амрикоӣ нафақа таъйин кардаанд. Аммо хонум Сайрамбӣ ба ин иддао, ки ӯро тамоми умр “бекор” донистаанд, розӣ нест ва талаб дорад, то нафақааш бештар шавад.

Ӯ мегӯяд, “бо 40 сомонӣ аз куҷо зиндагӣ карда мешавад, дар ин қиматии бозор? Маро мегӯянд, ки ту кор накардаӣ ва аз ин зиёд нафақа дода наметавонем. Ҳайронам, ки чӣ хел кор накардаам. Се духтару як писар бузург кардам. Ду духтарам муаллима, писарам дар хоҷагии ҷангал кор мекунад. Ман онҳоро тарбия кардам, ки ба давлат кор кунанд. Он вақт агар кор мекардам, фарзандонам бетарбия мемонданд.”

Бобомурод Бобоев, сармуҳосиби раёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, воқеан, чунин шикоятҳо ба идораи онҳо зиёд мерасад, вале онҳо мувофиқи қонуни “Таъйини нафақаи шаҳрвандони Тоҷикистон” амал мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, тибқи ин қонун занҳое, ки беш аз панҷ фарзанд ва собиқаи корӣ доранд, аз синни 53-солагӣ ба нафақа бароварда мешаванд. Занҳое, ки аз панҷ фарзанд кам ва собиқаи корӣ надоранд, аз синни 60- солагӣ ба нафақа бароварда мешаванд ва ба онҳо 50 фоизи маоши ҳадди ақал, яъне 40 сомонӣ дода мешавад.

Ҷаноби Бобоев илова кард, ки “агар дар ҳеҷ куҷо кор накарда бошанд ва то панҷ фарзанд дошта бошанд, ҳамин собиқаи корӣ ҳисоб карда мешавад ва маҳз ба ҳамин хотир ба онҳо 50 фоизи маоши ҳади ақал дода мешавад.”

Аммо масъулини созмони ҷамъиятии “Наҷоти кӯдакон”, ки тибқи лоиҳае ба занҳои хонашин кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад, зимни омӯзиши ин мушкил ба ин натиҷа расидааст, ки дар мавриди таъйини нафақаи занҳо ноадолатӣ ба назар мерасад. Бахтиҷамол Мирзоева, як масъули ин ин созмон мегӯяд, аслан занҳое хостори афзоиши нафақаашон ҳастанд, ки воқеан, ба он эҳтиёҷ доранд. Дар асл ба гуфтаи Мирзоева, аксари ин занҳо дар ҷое кор кардаанд, вале ҳеҷ асноде рӯи даст надоранд.

Бо ёддоварӣ аз сарнавишти яке аз чунин занҳо ӯ гуфт, “ба манзили яке аз ин занҳо рафтем, ки агар вазъашонро бубинед, гиряатон меояд. Се писараш дар муҳоҷират ҳастанд. Онҳо зану оилаи ҷудо доранд ва ба фикрам имкони ба ҳамон зану фарзандҳои худ ҳам пул равон карданро надоранд. Ҳоло бо ин ҳама ниёзмандӣ ӯро бо 40 сомонӣ, ки нархи ҳатто ним халта орд нест, ба нафақа мебароранд.”

Ин созмони ҷамъиятӣ умедвор аст, ки арзи ин занҳо ба порлумон мерасад ва ҳатман дар такмили ояндаи қонуни “Таъйини нафақаи шаҳрвандони Тоҷикистон” ба назар гирифта мешавад. Ба гуфтаи масъулини ин созмон теъдоди чунин занҳо дар тамоми Тоҷикистон ба садҳо нафар мерасад, ки арзи онҳоро касе намешунавад.
XS
SM
MD
LG