Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии Обама аз талошҳо барои рафъи бӯҳрон дар Аврупо


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар сӯҳбати телефонӣ бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз талошҳои раҳбарони аврупоӣ барои рафъи бӯҳрони молиявӣ дар "минтақаи евро" пуштибонӣ кард. Ҳамзамон Обама таъкид намуд, ки ба хотири эътидоли иқтисоди ҷаҳон Аврупо бояд ҳарчӣ зудтар барои бурунрафт аз бӯҳрони феълӣ гом бардорад.

Имрӯз дар Брюссел нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо шурӯъ мешавад, ки дар меҳвари он мавзӯъи пайдо кардани роҳҳои берун шудани "минтақаи евро" аз бӯҳрони молиявӣ қарор хоҳад дошт.

Олмон ва Фаронса пешниҳод кардаанд, ки ба хотири таъмини "интизоми молиявӣ" ба созишҳои бунёдии Иттиҳодияи Аврупо тағйирот ворид карда шавад. Ва аммо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои узв дар ин мавзӯъ назари ягона надоранд.
XS
SM
MD
LG