Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоунер: Башор Асад воқеиятро нодида мегирад


Мақомоти ИМА изҳор намуданд, ки Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия ё воқеиятро нодида мегирад ё аз ақл бегона шудааст.

Ин изҳороти намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико Марк Тоунер баъд аз он нашр шуд, ки раҳбари Сурия дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии амрикоии АВС ба гуноҳи худ дар тирборони эътирозгарон иқрор накард. Ба гуфтаи Асад, ягон амри тирборони мухолифин содир нашудааст. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки нерӯҳои амниятии Сурия таҳти фармони ҳукуматанд ва на зери итоати раисиҷумҳур.

Ба иттилоъи СММ, бар асари саркӯбсозии эътирозҳо бо талаби истеъфои Башор Асад, ки тайи тақрибан нӯҳ моҳ боз идома доранд, беш аз чаҳор ҳарзор суриягиҳо ба ҳалокат расидаанд. Ва аммо Башор Асад ин рақамро зери шубҳа бурд ва гуфт, ки дар ин ҳаводис бештар ҷонибдорони ҳукумат кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG