Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари расмии Дмитрий Медведев ба Чехия шурӯъ шуд


Дмитрий Медведев ва Ватслав Клаус дар Прага

Дмитрий Медведев ва Ватслав Клаус дар Прага

Сафари расмии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба Ҷумҳурии Чех шурӯъ шуд.

Қарор аст, ки ӯ имрӯз дар шаҳри Прага бо раиси ҷумҳурии Чех Ватслав Клаус ва нахуствазири кишвар Петр Нечас музокирот кунад. Дар пайи ин гуфтушунидҳо чанд санади ҳамкорӣ, аз ҷумла, дар бахши энерҷии ҳастаӣ имзо хоҳад шуд. Раҳбарони ду кишвар ҳамчунин мавзӯъҳои доғи байнулмилалиро баррасӣ мекунанд.

Рӯзи панҷшанбе Дмитрий Медведев дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи “Дарбори шоҳ дар асари 17. Ганҷинаи Кремли Маскав” низ ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG