Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои соф ва аммо сарди шарқи Тоҷикистон


Ба иттилои марказҳои ҳавошиносӣ, имрӯз осмони шаҳри Душанбе соф хоҳад буд ва то 5 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳри Хуҷанд ҳам ҳавои беғубор дар назар аст, то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ ҳавои соф мешавад ва ҳарорати ҳаво то 9 дараҷа болои сифр қарор мегирад.Дар шаҳри Хоруғ ҳаво абрист, баъд аз зӯҳр борон ва шомгоҳон барф меборад. Ҳарорат рӯзона то 1 дараҷа гарм ва шомгоҳон 1 дараҷа сард хоҳад шуд.

Дар водии Ҳисор ҳавои соф ва аммо дар манотиқи шарқии Тоҷикистон ҳавои абрӣ ва резиши борон дар назар аст. Дар баъзе навоҳӣ, аз ҷумла, Рашту Тавилдара то 8-9 дараҷа сард мешавад.
XS
SM
MD
LG