Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Саркозӣ ва Меркел бо нақшаи наҷоти евро


Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар номае пешниҳодҳои худ барои наҷоти евроро эълом карданд. Ин нома, ки ба президенти ИА Ҳерман ван Ромпуй ирсол шуд, аз ҷумла эъмоли муҷозот ба кишварҳое, ки касри будҷаашон аз 3 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар мегузарад, ва коҳиши масрафотро пешниҳод мекунад. Саркозӣ ва Меркел таҳияи паймони нави ИА-ро низ пешниҳод кардаанд. Аммо сарвазири Бритониё Девид Камерон таҳдид кард, ки рӯи ин паймон вето хоҳад гузошт. Паймони ИА танҳо дар сурати ризоияти ҳамаи 27 узви ИА иҷроӣ мешавад. Роҳҳои ҳалли буҳрони евро рӯзи ҷумъа дар нишасти сарони ИА баҳс хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG