Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз 90 дарсади заминҳои кишти Тоҷикистон дучори шӯразанӣ, ҷангалзудоӣ ва камҳосилӣ шудаанд.

Деҳқонони тоҷикро на танҳо мушкилоти сармоягузорӣ, техника, тухмӣ ва бозорёбӣ аз пешаи хеш дисард мекунад, балки ҳамчунин футур рафтани заминҳои кишт ба онҳо имкон намедиҳад, ҳосили хуб ба даст оранд.

Дилшод Аҳмадов, мутахассиси Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, мегӯяд, шӯразании замин бештар дар вилояти Хатлон ва Суғд -- ду минтақаи аграрии кишвар мушоҳида мешавад.

Ӯ гуфт, "аслан минтақаҳое, ки наздик ба дарёҳои бузург ҳастанд, ба масъалаи шӯразаниву биёбоншавӣ рӯбарӯ ҳастанд. Қаблан бо роҳи шустушӯи қабати болоии замин ва бо кашидани хатҳои заҳбуру заҳкашҳо намегузоштанд, ки оби зеризамин боло хезаду шӯра гирад. Дар минтақаҳои боғзору токзорҳо намнокии аз ҳад беши ҳаво дарахтҳоро хароб кардааст."

Дар ҳамин ҳол, раиси созмони экологии "Бунёди дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандон" Муаззама Бурҳонова мегӯяд, буҷаи ҳукумат хароб аст ва ниҳодҳои давлатӣ маблағи кофӣ надоранд, ки чораҳои ислоҳсозии вазъро бубинанд. Ба қавли ӯ заминҳои манотиқи ҷануби Тоҷикистон махсусан ноҳияҳои Шаҳритус, Панҷ, Қубодиён, Ёвон ва дигар навоҳии ин минтақа тақрибан табоҳ шудааст.



"Дар ҷануби Тоҷикистон вазъ ниҳоят ногувор аст, бахши аъзами заминҳои кишт хароб шудаанд. Хосияти ҳосилхезии худро гум кардаанд, барои ислоҳи ин вазъ маблағи зиёд зарур аст, ки ин корро бояд давлат анҷом диҳад, чунки замин мардумро мехӯронад, лекин давлат пул надорад",-мегӯяд хонум Бурҳонова.

Ин масъули созмони экологӣ ҳатто сармоягузории созмонҳои байнулмилалииӣ дар ин заминаро ночиз шумурд. Ба қавли вай, маблағе, ки созмонҳои байнулмилалӣ ҷудо мекунанд, чанд дарсадашро худашон мегиранд ва чанд дарсади дигар гум мешавад, ки ба дард намехӯрад. Як мушкили дигар, ки биёбоншавӣ ва шӯразаниро тақвият медиҳад, норасоии мутахассисон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ будааст.

Рустам Латифов, вакили МН

Рустам Латифов, вакили МН

Ба қавли раиси Кумиссиюни экологии Маҷлиси намояндагон Рустам Латифов, ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан 700 хоҷагии деҳқонӣ амал мекунад, ки аксари онҳо мутахассиси соҳаи боғдорию назорати кишту парваришро надоранд. Вай мегӯяд, "қаблан хадамоти махсусе буд, ки меъёри истифодаи доруҳои минералиро ба замин мушаххас мекарданд, ки ҳама чиз дар ҷои худ истифода мешуд. Барои бештар шудани нитратнокии замин, давраи киштро иваз менамуданд, масалан, алафи юнучқа мекиштанд. Ҳоло ин Хадамот бояд дастгирӣ ва маблағгузорӣ карда шавад."

Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон мегӯянд, ки осори табоҳшавии замин ва биёбоншавӣ тайи даҳ соли ахир ба таври муассир дар ҳосилхезии заминҳои зироат ва боғзорҳо мушоҳида шудааст. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Оҷонси омори назди ҳукумати Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ дар ҳаҷми 36 миллион доллар сабзавоту мева ба хориҷи кишвар содир карда шудааст, ки ин нисбати солҳои пешин камтар будааст.

Мутахассисони созмонҳои дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, агар мақомоти давлатӣ дар пайи ислоҳи вазъи изтиробангез нашаванд, дар як панҷсолаи дигар заминҳои кишт тақрибан беҳосил мешавад ва ин таҳдиди бузурге ба амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон аст ва мардумро низ ночор ба муҳоҷирати дохилӣ маҷбур месозад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG