Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай: Ин ҳамларо бо Покистон баррасӣ хоҳем кард


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай, ки дар пайи ҳамлаи хунини дирӯза ба маросими шиъаҳо сафараш ба Аврупоро қатъ карда, ба Кобул баргашт, баъди аёдати захмиён дар бемористон гуфт, ин мавзӯъро бо раҳбарони Покистон дар миён хоҳад гузошт. Масъулияти ҳамла алайҳи нахустин таҷаммӯъи густардаи аҳли шиъа дар маросими Ошӯро дар Кобулро Лашкари ҷангӣ, як гурӯҳи мустақар дар Покистон, бар ӯҳда гирифтааст. Бар асари ин ҳамлаи интиҳорӣ дастикам 55 нафар кушта ва беш аз 160 тан захмӣ шуданд. Як таркиши дигар дар Мазори шариф дастикам 4 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG