Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди дубораи Э.Раҳмон аз хомӯшии ҳизби ҳоким


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз хомӯшии мақомоти ҳизби ҳокими халқӣ-демократиаш дар масъалаи қазияи халабонҳои ширкати «Ролкан» интиқод кард. Ба гуфтаи як манбаъи «Интерфакс», Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи дастгоҳи ҳизби ҳоким гуфтааст, ки тамоми аҳзоби дигар дар ин масъала назари худро гуфтанд, вале шумо хомӯширо афзал шумурдед. Додгоҳи Қӯрғонтеппа рӯзи 8 ноябр Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро бо ҷурми убури ғайриқонунии марз, нақзи ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва қасди қочоқ 8,5-солӣ ҳукми зиндон дод, ки мояи таниши бесобиқае байни Душанбеву Маскав шуд. Таҳти фишори Русия, ин халабонҳоро алака й рӯзи 22 ноябр раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG