Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ таҳти табобат дар Дубай боқӣ мемонад


Осифалӣ Зардорӣ
Осифалӣ Зардорӣ
Дафтари сарвазири Покистон гуфт, раиси ин ҷумҳурӣ Осифалӣ Зардорӣ ба маҳзи санҷишҳои тиббии марбут ба вазъи қалбаш дар Дубай мемонад. Дафтари Юсуфризо Гелонӣ гуфт, Зардорӣ таҳти назорат боқӣ монда, бо машварати табибон ба кори оддӣ бар хоҳад гашт. Сафари ногаҳонии Зардорӣ ба Дубай ба хотири таҳқиқи вазъи сиҳҳаташ гумонҳоеро дар бораи эҳтимоли истеъфои ӯ барангехтааст. Вале сухангӯи президент Фарҳатуллоҳ Бобур ин хабарҳоро «нодурусту бофта ва савдогарона” номида, радд кард.
XS
SM
MD
LG