Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафтари муфтиёти Қирғизистон дар Ӯш баста шуд


Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов
Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов
Муфтии Қирғизистон Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов дафтари муфтиёт дар шаҳри Ӯшро баст. Муфтӣ гуфт, рӯҳониёни Ӯш акнун мустақиман ба дафтари марказии муфтиёт дар Бишкек гузориш хоҳанд дод. Оқои Ҷалилов гуфт, дафтари муфтиёт дар Ӯш соли гузашта дар пайи даргириҳои хунини қавмӣ байни узбакҳову қирғизҳо маҳз ба хотири рафъи ихтилофоти байни гурӯҳҳои қавмӣ боз шуда буд ва акнун бо оддӣ шудани авзоъ зарурати ҳифзи ин дафтар низ байн рафтааст.
Дар даргириҳои хунини моҳи июни соли 2010 байни узбакҳову қирғизҳо дар вилоёти Ӯшу Ҷалолободи ҷануби Қирғизистон беш аз 400 нафар, аксар узбакҳо, кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG