Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳди мухолифини рус ба идомаи эътирозҳо


Саркӯбии эътирозҳои дирӯза дар Маскав
Саркӯбии эътирозҳои дирӯза дар Маскав
Гурӯҳҳои мухолифин дар Русия гуфтаанд, ки ба эътирозҳои беиҷозат алайҳи натиҷаҳои интихоботи парлумонии рӯзи 4 декабр имрӯз ҳам идома хоҳанд дод. Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, дирӯз фақат дар Маскав 560 тазоҳургар ва ҳудуди 250 тани дигар дар Санкт-Петербург боздошт шуданд. Мухолифин барои ташкили раҳпаймоиҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет истифода мекунанд. Як гурӯҳе, ки худро «Алайҳи ҳизби дуздону қаллобон» меномад, шоми имрӯз ба тазоҳурот даъват кардааст. «Дуздону қаллобон» лақабест, ки мухолифин ба ҳизби ҳокими Русияи воҳид додаанд.
XS
SM
MD
LG