Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Вошингтон аз кумакҳояш ба Покистон


Марк Тонер (Акс аз бойгонӣ)
Марк Тонер (Акс аз бойгонӣ)
Вазорати хориҷаи Амрико аз кумакҳои ин кишвар ба Покистон ҳимоят кард. Бархе вакилони Конгрес, аз ҷумла Ҷон МакКейн ва Линдсей Граҳам аз ҳизби ҷумҳурихоҳ, мақомоти Исломободро ба ҳимоят аз шабакаи ҷангии Ҳаққонӣ айбдор карда, хостори бозбинии ин масъала шудаанд, ки оё ёриҳои низомиву молӣ ба Покистон то куҷо ҷавобгӯи манофеъи миллии Амрикост? Сухангӯи вазорати хориҷа Марк Тонер гуфт, ба бовари маъмурият, ин кумакҳо ба сӯди Амрикост, ки тақвияти ниҳодҳои демократӣ ва иқтисоди Покистонро дунбол мекунад. Равобити Вошингтон бо Исломобод баъди тавассути нирӯҳои коммандоси Амрико кушта шудани раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден дар дохили Покистон ва ҳамлаи ахири НАТО, ки 24 сарбози покистониро кушта ба ҷо гузошт, хадшадор шудааст.
XS
SM
MD
LG