Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди Камерон ба таҳрими паймони нави ИА


Девид Камерон

Девид Камерон

Сарвазири Бритониё таҳдид кард, ки рӯи паймони ҷадиди ИА, ки қарор аст, ба хотири наҷоти евро аз вартаи буҳрони қарзҳо таҳия шавад, вето хоҳад гузошт. Девид Камерон дар матлабе дар нашрияи “The Times” гуфт, Лондон аз ягон паймоне, ки аз манофеъи Бритониё дифоъ намекунад, пуштибонӣ нахоҳад кард: “Агар онҳо истифодаи паймони Аврупоро интихоб кунанд, ки яқинан замонатҳо ва манофеъи Бритониёро дар бар намегирад, ман исрор хоҳам варзид ва паймонеро, ки ин замонатҳоро надошта бошад, имзо намекунам. “
Бритониё узви минтақаи евро нест, вале Фаронсаву Олмон – ду узви умдаи ин минтақа – масъалаи таҳияи паймони наверо баррасӣ доранд, ки ҳамоиш ва интизоми молии қавитар барои кишварҳои корбари евроро ба ҳадаф дорад. Аммо чунин паймон танҳо дар сурати ризоияти ҳамаи 27 кишвари узви ИА ба иҷро хоҳад даромад. Роҳҳои ҳалли буҳрони евро рӯзи ҷумъа дар нишасти сарони ИА баҳс хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG