Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯгоҳи Варзобро Ҳинд бозсозӣ хоҳад кард


Парлумони Тоҷикистон ёддошти ҳанӯз 4 сол пеш бо Ҳинд имзошуда дар мавриди бозсозии нирӯгоҳи аввали Варзобро тасвиб кард. Ношири хабар "Азия Плюс" менависад, бар асоси ин тавофуқ, ҷониби Ҳинд барои таҷдиди нахустин нирӯгоҳи Тоҷикистон 17 миллион доллар ёрии билоиваз ҷудо мекунад. Нирӯгоҳи аввали Варзоб ҳанӯз соли 1936 сохта шудааст. Қарор аст, чархаи аввали ин нирӯгоҳ баъди бозсозӣ аз моҳи апрели соли оянда дубора ба тавлиди нирӯи барқ шурӯъ кунад. Баъди таҷдид иқтидори нирӯгоҳи Варзоб 2 мегавват афзуда, ба 9,5 мегаватт хоҳад расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG