Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корбарони интернет мардуми Русияро ба майдон мехонанд


Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет даъватҳо дар мавриди рӯзи 10 декабр доир намудани намоиши умумирусиягии эътирозӣ алайҳи натоиҷи расмии интихобот ба Думаи давлатӣ пахш шуданд. Корбарони интернет дар беш аз 50 шаҳр талош доранд, ки макон ва вақти баргузории тазоҳуротро мушаххас кунанд.

Рӯзи сешанбе дар чанд шаҳри Русия намоишҳои эътирозӣ алайҳи қонуншиканиҳо дар интихоботи Думаи давлатӣ баргузор шуданд. Дар Маскав ҷонибдорони мухолифин талош карданд, ки дар майдони Триумфалъная ҷамъ биёянд. Кормандони полис тақрибан сесад нафар, аз ҷумла, сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат Эдуард Лимонов, Сергей Митрохин ва Борис Немтсовро боздошт кард. Онҳо баъдан дар идораи полис озод карда шуданд.

Дар Петербург дар ҳамин гуна ҳамоиши эътирозӣ тақрибан ҳазор нафар ширкат доштанд. Полис тақрибан 200 нафари онҳоро боздошт кард.

Намоишҳо алайҳи тақаллуб дар интихобот дар шаҳрҳои Самара ва Ростови соҳили Дон ҳам баргузор шуданд.

Ҷунбиши «Ҳамраъйӣ» эълом дошт, ки рӯзи 10 декабр дар маркази Маскав гирдиҳамоии нав доир мекунад.
XS
SM
MD
LG