Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон андаке боло меравад


Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз осмони шаҳри Душанбе соф хоҳад буд ва то 6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳам баъд аз нимарӯз ҳавои беғубор дар назар аст, то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ ҳавои соф мешавад ва ҳарорати ҳаво то 11 дараҷа болои сифр қарор мегирад.

Дар шаҳри Хоруғ баъд аз зӯҳр борон меборад, ҳарорат рӯзона то 3 дараҷа гарм ва шомгоҳон 1 дараҷа сард хоҳад шуд.

Дар аксар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор мешавад ва давоми рӯз сардӣ коҳиш меёбад. Баъд аз зӯҳр дар бисёр манотиқ то 1-3 дараҷа сард мешавад.
XS
SM
MD
LG