Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Кувайт пароканда карда шуд


Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Сабоҳ
Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Сабоҳ
Амири Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Сабоҳ парлумони кишварро пароканда кард. Амир тасмими худро бо таҳдид ба манфиатҳои миллӣ раб додааст. Интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ баъд аз ду моҳ баргузор хоҳад шуд.

Ҳафтаи гузашта амири Кувайт баъд аз истеъфои бародарзодааш шайх Носир Муҳаммад ал-Аҳмад ал-Сабоҳ, ки дар фасод айбдор мешуд, ҳукумати муваққатро таъин кард.

Ҷонибдорони мухолифин – либералҳо ва гурӯҳҳои исломӣ чанд ҳафтаи ахир бо талаби истеъфои мансабдорону вакилони фасодзада ва ислоҳоти сиёсӣ намоишҳо доир намуданд.
XS
SM
MD
LG