Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо алайҳи тақаллуб дар интихобот дар шаҳрҳои Русия


Дар чанд шаҳри Русия намоишҳои эътирозӣ алайҳи қонуншиканиҳо дар интихоботи Думаи давлатӣ баргузор шуданд.

Дар Маскав ҷонибдорони мухолифин талош карданд, ки дар майдони Триумфалъная ҷамъ биёянд. Кормандони полис тақрибан сесад нафар, аз ҷумла, сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат Эдуард Лимонов, Сергей Митрохин ва Борис Немтсовро боздошт кард. Онҳо баъдан дар идораи полис озод карда шуданд.

Дар Петербург дар ҳамин гуна ҳамоиши эътирозӣ тақрибан ҳазор нафар ширкат доштанд. Полис тақрибан 200 нафари онҳоро боздошт кард.

Намоишҳо алайҳи тақаллуб дар интихобот дар шаҳрҳои Самара ва Ростови соҳили Дон ҳам баргузор шуданд.

Ҷунбиши «Ҳамраъйӣ» эълом дошт, ки рӯзи 10 декабр дар маркази Маскав гирдиҳамоии нави эътирозӣ доир мекунад.
XS
SM
MD
LG