Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интернет "сафорати маҷози"-и ИМА ифтитоҳ шуд


Мақомоти ИМА дар интернет сафорати маҷозии худро барои эрониён ифтитоҳ карданд. Сомонаи «сафорат» бо ду забон – инглисӣ ва форсӣ кор мекунад.

Дар як паёми видеоӣ ба ин муносибат Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки ҳадафи таъсиси сафорати маҷозӣ – ба роҳ мондани равобит миёни шаҳрвандони Амрико ва Эрон аст.

Сафорати воқеъии Амрико дар Теҳрон баъд аз инқилобии исломии Эрон ва қазияи гаравгон гирифтани 52 дипломати амрикоӣ дар соли 1981 баста шуд.
XS
SM
MD
LG