Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Кэтрин Эштон аз интихоботи Думаи Русия


Иттиҳодияи Аврупо аз қонуншиканиҳо дар интихобот ба Думаи давлатии Русия нигарон аст. Дар изҳороти Кэтрин Эштон, раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, гуфта шудааст, ки талошҳои тақаллуби натоиҷи интихобот ва фишори мақомот болои нозирони байнулмилалӣ боиси нигаронии ҷиддӣ шудааст.

Аз ин пеш Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, аз қонуншиканиҳо дар интихоботи палатаи поёни парлумонии Русия интиқод карда буд.

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, ки дар садри феҳристи интихоботии ҳизби «Русияи воҳид» қарор дорад, интиқод аз хориҷро чун талоши фишор ба ташаккули низоми сиёсии кишвараш арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG