Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони узбак шаҳрванди Қирғизистонро раҳо накардаанд


Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, бо вуҷуди дархости онҳо марзбонони Узбакистон аз раҳоии шаҳрванди Қирғизистон саркашӣ мекунанд. Бозулан Мамишов-фармондеҳи посгоҳи марзии Сакалдӣ воқеъ дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон гуфт, Мансурбек Бекешов 4 декабр боздошт шудааст ва марзбонони Узбакистон гуфтаанд, ки вайро 5 декабр раҳо мекунанд, вале раҳо накардаанд. Мамишев гуфтааст, мақомоти расмии Қирғизистон дар бораи раҳоии Бекешов музокираро бо ҷониби Узбакистон идома медиҳанд. Моҳи маи соли ҷорӣ марзбонони Узбакистон дар посгоҳи Сакалдӣ як шаҳрванди Қирғизистонро ҳадафи тир қарор доданд, вале барои ин куштор касе ба муҷозот кашонда нашуд.
XS
SM
MD
LG