Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи кушташудагони инфиҷори Кобул боло меравад


Полиси Афғонистон мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаи як бамгузори интиҳорӣ дар назди зиёратгоҳи пайравони шиа дар Кобул тақрибан 54 нафар кушта, бештар аз 100 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Генерал Муҳаммад Зоҳир-раҳбари раёсати бозрасии ҷиноии Афғонистон мегӯяд:

“Дар ҳоле, ки мардуми мусулмони мо масруфи ид, азодории Ошурои Ҳусайнӣ буданд, як интиҳорӣ худро дар байни азодорон мунфаҷир мекунад.”

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, садҳо нафар дар ин маросим ширкат доштаанд.Дар ҳамин ҳол гузориш медиҳанд, ки дар шаҳри Мазори Шариф низ имрӯз инфиҷоре рух додааст ва дар он 4 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ин инфиҷорҳо замоне рух додааст, ки як рӯз пеш дар шаҳри Бонни Олмон конфронси байналмиллалӣ роҷеъ ба Афғонистон қавл дод, ки баъд аз хуруҷи қисмати аъзами нируҳои хориҷӣ аз ин кишвар кӯмакҳои худро идома медиҳад. Имрӯз Ҳомид Карзай зимни суханони худ дар конфронси Бонн ин ҳамлаҳоро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG