Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи Саидғуфрони Абдулло ба пурсишҳои хонандагон


Саидғуфрони Абдулло, муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон

Саидғуфрони Абдулло, муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон

Муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон ба пурсишҳои хонандагони торнамои “Озодӣ” посух гуфт.

Ӯ соли 1964 дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шудааст. Соли 1990 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм карда, фаъолияти меҳнатияшро ба ҳайси мудири шӯъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии Кумитаи иҷроии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шурӯъ намудааст.

Баъдан, дар солҳои 1998 то 2001 дар вазифаҳои мушовир ва сармушовири Кумитаҳои сохтори давлатӣ ва қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

Ҷаноби Абдулло аз соли 2001 то 2004 сардори раёсат дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва баъдан намояндаи ин вазорат дар шаҳри Новосибирски Русия дар умури муҳоҷирони корӣ будааст.

Саидғуфрони Абдулло солҳои 2008 то 2010 дар дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ба унвони сармутахасиси шӯъбаи ҳуқуқӣ ва баъдан мушовири раисиҷумҳур оид ба сиёсати ҳуқуқӣ будааст.

Ӯ аз аз феврали соли 2010 муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG