Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии “Регар” бар “Хуҷанд" дар меҳмонӣ


Бозии миёни дастаҳои "Регар-ТадАЗ" ва "Хуҷанд"

Бозии миёни дастаҳои "Регар-ТадАЗ" ва "Хуҷанд"

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бар тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Ин бозии мавқуфмондаи даври 40-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Ба ду голи меҳмонон - Фаррух Чориев ва Ҷамшед Исмоилов дар нимаи аввали бозӣ, Беҳрӯз Сангинов, бозигари мизбонон, бо як гол посух дод. Голи сеюми “Регар-ТадАЗ”-ро Аскар Равшанов дар нимаи дуюми дидор ба ҳадаф расонд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот “Равшан” бо 89 имтиёз ва ду бозии мавқуфмонда дар ҷои аввал қарор дорад. “Регар-ТадАЗ” бо 89 имтиёз (шумораи ғалабааш нисбат ба “Равшан” якто камтар аст) ва се бозии боқимонда дар ҷои дуюм мебошад. “Истиқлол”, ки бо 84 имтиёз сеюм аст, боз 8 бозӣ анҷом хоҳад дод.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 22 гол дар ҷои аввал мебошад. Комил Саидов (ССКА “Помир”) бо 21 гол дар ҷои дуюм аст. Фозил Сатторов (“Равшан”) ва Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) 20-голӣ задаанд. Габриэл Донто (”Энергетик”) ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”) 19-голӣ, Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 17 гол ба самар расондаанд.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқот:


Даври 40-ум. 7 декабр (чоршанбе)
«Парвоз» - «Энергетик»

Даври 30-юм. 7 декабр (чоршанбе)
ССКА «Помир» - «Истиқлол»

Даври 32-юм. 9 декабр (ҷумъа)
«Истиқлол» - «Гвардия»

Даври 35-ум. 10 декабр (шанбе).
ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ»

Даври 34-ум. 12 декабр (душанбе)
«Истиқлол» - «Шодмон»

14 декабр (чоршанбе)
«Энергетик» - «Регар-ТадАЗ»

Даври 35-ум. 15 декабр (панҷшанбе)
«Гвардия» - «Истиқлол»

Даври 24-ум. 18 декабр (якшанбе)
«Истиқлол» - «Энергетик»

Даври 40-ум. 21 декабр (чоршанбе)
«Равшан» - «Истиқлол»

Даври 29-ум. 24 декабр (шанбе)
«Истиқлол» - «Равшан»

Даври 25-ум. 28 декабр (чоршанбе).
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ»

Оғози бозиҳо – соати 13.00

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

"Равшан"

38

29

2

7

78-31

89

2.

"Регар-ТадАЗ"

37

28

5

4

103-25

89

3.

"Истиқлол"

32

27

3

2

92-15

84

4.

"Энергетик”

37

21

3

13

77-60

66

5.

"Хайр"

40

17

3

20

61-59

54

6.

ССКА "Помир"

38

16

4

18

64-62

52

7.

"Хуҷанд"

40

15

6

19

56-72

51

8.

"Вахш"

40

15

5

20

43-51

50

9.

"Парвоз"

39

11

4

24

44-76

37

10.

"Шодмон"

39

7

2

30

44-107

23

11.

"Гвардия"

38

3

3

32

32-135

12

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG