Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Бейрут худро нишон дод


Ҳасан Насруллоҳ

Ҳасан Насруллоҳ

Ҳасан Насруллоҳ-раҳбари гурӯҳи тундрави шиаҳои Лубнон дар чанд соли охир имрӯз бори аввал худро нишон дод ва дар раҳпаймоии Бейрут ширкат ҷуст. Шайх Ҳасан Насруллоҳ хеле кам дар чашми мардум зоҳир мешавад ва метарсад, ки Исроил вайро ба қатл нарасонад. Аз соли 2006 то ҳол вай бори аввал дар мақарри Ҳизбуллоҳ дар Бейрут дар ҳузури мардум суханронӣ кард. Аз соли 2006 ба ин сӯ вай хеле кам дар чашми мардум зоҳир мешуд, вале суханронӣ намекард. Суханронии имрӯзи вай ба иди Ошуро ихтисос дошт.
XS
SM
MD
LG