Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон аз интихоботи Русия интиқод кард


Имрӯз Ҳилларӣ Клинтон-вазири хориҷаи Амрико аз интихоботи порламонии Русия, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, интиқод кард ва онро ғайриодилона хонд. Вай зимни суханони худ дар Вилнюс дар мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои САҲА, ки кишварҳояшон бар ин интихобот назорат мекарданд, бори дигар интиқодоти худро такрор кард ва гуфт, райи интихобкунандагони Русия бояд мавриди таҳқиқ қарор бигирад, зеро райи онҳо дасткорӣ шудааст. Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия дар пойтахти Литва дар ин мулоқот ширкат дошт. Ин ду вазир ба нақша нагирифтаанд, ки ба таври алоҳида бо якдигар мулоқот кунанд. Ҳизби “Единая Россия”-и нахуствазир Владимир Путин қисмати аъзами курсиҳоро дар Думаи Давлатӣ ба даст овардааст. Вале мухолифон мегӯянд, дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ додаанд.
XS
SM
MD
LG