Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти афғон мегӯянд, дар ҳамлаи интиҳории рӯзи сешанбеи Кобул, ҳудуди 30 тан аз азодорони Ошӯро кушта шудаанд.

Дар як хабарномаи фармондеҳии амнияти Кобул гуфта шудааст, ки ин ҳамлаи интиҳорӣ соати 11:45 дақиқа ба вақти Афғонистон ва дар дохили зиёратгоҳи ҳазрати Абулфазл ба вуқӯъ пайваст. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, садҳо нафар дар ин маросим ширкат доштаанд.

Генерал Муҳаммад Зоҳир, раиси таҳқиқоти ҷароими ҷиноии фармондеҳии аминияти Кобул, дар мавриди ин ҳодиса ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст, "дар ҳоле ки мардуми мусулмон дар ҳоли баргузории маросими азодории Ошӯрои ҳусайнӣ буданд, як нафар худро дар байни азодорон мунфаҷир кард, ки дар натиҷаи ин таркиш 30 нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шудаанд."

Дар ҳамин ҳол, як ҳамлагари интиҳории дигар худашро дар шаҳри Мазори Шариф мунфаҷир кардааст. Абдурауф Тоҷ, раиси амнияти вилояти Балх ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин рӯйдод чаҳор ғайринизомӣ кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG