Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳимзода: "Соҳиби саҳмияҳои БРТ ширкатҳои хориҷиянд"


Лаҳзае аз гуфтугӯи Абдуқаюми Қаюмзод (рост) бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода (чап)

Лаҳзае аз гуфтугӯи Абдуқаюми Қаюмзод (рост) бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода (чап)

Гуфтугӯи ихтисосии Абдуқаюми Қаюмзод бо Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Радиои Озодӣ: Пештар зикр шуда буд, ки қисме аз захоири асъори Тоҷикистон бо евро ҳифз мешавад. Имрӯз вазъи евро вобаста ба вазъи иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ноустувор шудааст. Оё ин ҳолат ба вазъи пули миллӣ асар намегузорад?

Шариф Раҳимзода: “Вобаста ба сиёсати иқтисодии ҷаҳонӣ ва таҳаввулоте, ки дар бозори ҷаҳонӣ рух медиҳад, мо пайваста сохтори захоири асъории худро дигар мекунем. Вақте буд, ки мо ҳиссаи евро дар захираҳои асъории худро зиёд кардем. Чунки он вақт қурби евро тамоюл ба болоравӣ дошт. Вале вақте мушоҳида шуд, ки қурби евро пойин меравад, онро кам кардем. Имрӯз шояд ҳиссаи евро дар захираҳои асъории мо то 5 дар сад бошад. Ва ин ҳам ба он хотир аст, ки баъзе созмонҳо дар ҳисобҳои худ евро доранд ва ин пули онҳо аст.”

Шакли комили гуфтугӯи хабарнигори "Озодӣ" бо Шариф Раҳимзодаро дар барномаи "Меҳмони Озодӣ" бишнавед:



Радиои Озодӣ: Дар бораи ҳаҷми маблағҳое, ки аз тарафи муҳоҷирин интиқол дода мешавад, маълумот гуногунанд. Шумо метавонед арқоми дақиқро бигӯед?

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Шариф Раҳимзода: “Ин маълумотро асосан Бонки марказии Русия нашр мекунад. Агар хато накунам, дар нимсолаи аввал ин маблағҳо дар ҳаҷми чизе бештар аз 1 миллиард доллар буданд. Ҳоло дигар ин ахбор эълон нашудааст. Аммо як нуктаро бояд бигӯям, ки интиқоли маблағи муҳоҷирон аз бонкҳои Русия ба бонкҳои мо як каме гаронтар шуда истодааст. Бонкҳо пештар аз интиқоли пул фоида ба даст меоварданд. Вале ҳоло даромад гирифтан аз ин амалиёт мушкил шудааст. Зеро ҳиссае, ки дар ихтиёри бонкҳои мо боқӣ мемонад, бисёр кам шуд. Азбаски русиягиҳо, сохторҳои ин кишвар, ки пулҳо тавассути онҳо мунтақил мешавад, медонанд, ки мо вақти гузаронидани пулҳо чизеро рад карда наметавонем, ҳиссаи бонкҳои моро рӯз то рӯз кам карда истодаанд. Ҳоло бонкҳо аз интиқоли пул зарар дида истодаанд ва дар ин бора ба мо муроҷиат мекунанд. Вале, албатта, инҷо чун манфиати миллат ва давлат дар миён аст, онҳо ин амалиётро анҷом хоҳанд дод.”

Радиои Озодӣ: Сару садоҳо дар бораи харидории “Бонки Рушди Тоҷикистон” аз ҷониби “Тоҷиксодиротбонк” то куҷо воқеият дорад? Дуруст аст, ки соҳиби “Бонки рушди Тоҷикистон” Таҳмина -- духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон аст?

Шариф Раҳимзода: “Тоҷиксодиротбонк” барои хариди саҳмияҳои “Бонки рушди Тоҷикистон” ба мо муроҷиат карда буд. Кормандони мо диданд, омӯхтанд ва барои анҷоми ин муомила ризоият доданд. Чунки, дар ҳақиқат, “Тоҷикисодиротбонк” имконияти хариди ин бонкро дорад. Ин бонки хурд аст ва онҷо маблағи зиёд ҳам нест. Албатта, масъалаи андозаи маблағ масъалаи муносибати дуҷониба аст, яъне шартномавӣ аст ва худи онҳо муайян мекунанд, ки ба кадом маблағ мехаранд, вале капитали “Бонки рушди Тоҷикистон” калон нест. Дар онҷо ширкатҳо соҳиби сармоя ҳастанд, на шахсони алоҳида.”

Радиои Озодӣ: Манзуратон “Tоҷиксодиротбонк” аст ё “Бонки рушди Тоҷикистон”?

Шариф Раҳимзода: “Соҳиби саҳмияҳои “Бонки рушди Тоҷикистон” ширкатҳо ҳастанд.”

Радиои Озодӣ: Он ширкатҳо роҳбар доранд?

Шариф Раҳимзода: “Ширкатҳо хориҷӣ, ки ҳастанд ва дар онҷо вақте мо қабул мекунем, ҳуҷҷатҳо аз номи ширкат меояд. Шояд соҳиби он ширкат сад кас бошад ё ки дусад кас, чун ҳар кас дар хориҷа ҳисса дорад. Вай ҷамъияти саҳҳомӣ аст ва вақте ҷамъияти саҳҳомиро харид, роҳбари ҷамъияти саҳҳомӣ метавонад нафаре бошад, ки мутахассис аст.”
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон. Моҳи марти соли 1959 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар шаҳри Кӯлоб ба анҷом мерасонад.

Соли 1981 гурӯҳи бонкдории факултети молия ва қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 1986 аспирантураро дар Академияи давлатии молиявии Русия хатм мекунад. Дар Австрия, Бритониёи Кабир, Сингапур, Амрико, Ҷопон ва Туркия давраҳои бозомӯзиро фаро гирифтааст.

Фаъолияти кориро ба ҳайси ассистенти кафедра дар Донишгоҳи миллӣ оғоз карда, сипас то вазифаи муовини декан дар инҷо кор мекунад. Соли 1989 барои кор ба бонк даъват мешавад. Соли 1993 ҳамчун сармушовири сарвари давлат фаъолият мекунад. Аз соли 1994 то 2008 дар вазифаҳои муовини раиси Бонки миллӣ, сипас, раиси Кумитаи назорати молиявии давлатӣ, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо, раиси Кумитаи сармоягузорӣ кор карда, аз соли 2008 раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин мешавад. Доктори улуми иқтисод. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG