Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандаи "Тӯби тиллоӣ"- и сол 9 январ эълон мешавад


ФИФА ба феҳристи ниҳоии доталабони беҳтарин бозигари ҷаҳон барои дарёфти ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” номи се бозигари футболро ворид кард. Онҳо Лионел Месси-бозигари дастаи “Барселона”-и Испания аз Бразилия, Криштиану Роналду-бозигари дастаи “Реал” Мадрид аз Португалия ва бозигар Хавӣ аз Испания мебошанд. Барандаи ин ҷоиза 9 январи соли 2012 эълон мешавад. Ҳамон рӯз ҷоизаи беҳтарин футболбози сол “Тӯби тиллоӣ” дар шаҳри Сурих ба баранда тақдим мешавад. Ду соли гузашта пайларҳам Мессӣ барандаи ин ҷоиза шуда буд.
XS
SM
MD
LG