Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон шароити куштори Бахтиёр Расуловро меомӯзад


Бахтиёр Расулов

Бахтиёр Расулов

Бино ба хабарҳои матбуотӣ, Сафиалло Девонаев-раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Асрор Одинаев-намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия барои баррасии сабабҳои куштори Бахтиёр Расулов-шаҳрванди Тоҷикистон вориди Санкт Петербург шудаанд. Бахтиёр моҳи ноябр ба таври ваҳшиёна дар ин шаҳр ба қатл расида буд. Қотилон ба бадани Бахтиёр чанд корд заданд, сипас сарашро аз тан ҷудо карданд ва онро дар бордони мошин гузошта мошинро оташ заданд. Имрӯз Маҳмадалӣ Ватанов-раиси яке аз кумитаҳои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон низ барои таҳқиқи шароит ва сабабҳои ин куштор ба Санкт-Петербург рафт.
XS
SM
MD
LG