Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муддаиёни ҷоизаи “Тӯби тилоӣ”. Месси, Хави ё Роналдо?


Лионел Месси
Лионел Месси

ФИФА, Федератсиюни байналмилалии футбол, муддаиёни ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро эълон кардааст.

Ба рӯйхати муддаиёни ҷоизаи беҳтарин бозигари ҷаҳон дар соли 2011-ум Лионел Мессии аргентинӣ ва Хавии испанӣ, ҳарду бозигарони бошгоҳи футболи “Барселона”, инчунин, Криштиану Роналдуи португолӣ, нимҳимоятгари тими “Реал”-и Мадрид, дохил шуданд.

Месси ва Хави соли равон дар ҳайати “Барселона”-и Испания қаҳрамон ва барандаи Суперкубок ё Ҷоми олии ин кишвар, ҳамчунин, ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо гардидаанд.

Криштиану Роналду бошад, дар ҳайати “Реал”-и Мадрид соҳиби Ҷоми Испания шудааст. Инчунин, Хави ва Роналду ба дастаҳои мунтахаби Испания ва Португол барои роҳ ёфтан ба сабқати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо кӯмак кардаанд.

Барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” 9-уми январи соли 2012-ум муайян хоҳад шуд. ФИФА 5-уми декабр, инчунин, номҳои се муддаии унвони беҳтарин мураббии солро эълон кард. Ба рӯйхат Хосеп Гвардиола (“Барселона”), Алекс Фергюсон (“Манчестер Юнайтед”) ва Жозе Моуриню (“Реал”) дохил шудаанд.

Барои унвони беҳтарин футболбоззани сол Мартаи бразилӣ, Хомаре Саваи ҷопонӣ ва Эбби Уомбахи амрикоӣ довталабанд.

Маросими ботантанаи мукофотсупорӣ 9-уми январи соли 2012 дар шаҳри Сюрихи Швейтсария баргузор хоҳад шуд. Ду соли ахир Лионел Месси барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” шудааст. Соли 2008-ум Криштиану Роналду соҳиби ин мукофот гардида буд.
XS
SM
MD
LG