Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инфиҷоре дар назди зиёратгоҳи шиаҳо дар Кобул


Саҳнаи баъд аз инфиҷор

Саҳнаи баъд аз инфиҷор

Полис мегӯяд, дар наздикии зиёратгоҳи шиаҳо дар Кобул инфиҷоре рух додааст, ки талафоти ҷонӣ низ дар пай доштааст. Генерал Муҳаммад Зоҳир-раиси дафтари расидагӣ ба ҷиноёт дар Афғонистон мегӯяд:

“Дар ҳоле, ки мардуми мусулмони мо масруфи ид, азодории Ошурои Ҳусайнӣ буданд, як интиҳорӣ худро дар байни азодорон мунфаҷир мекунад.”

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, садҳо нафар дар ин маросим ширкат доштаанд ва тақрибан 30 нафар кушта 50 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ҳамин ҳол гузориш медиҳанд, ки дар шаҳри Мазори Шариф низ имрӯз инфиҷоре рух додааст ва дар он 4 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG