Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон қазияи қатли Б.Расуловро пайгирӣ мекунад


Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон
Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Вакили порлумон ба Санкт-Петербург рафт, то бо ҷараёни таҳқиқи қатли Бахтиёр Расулов ошно бишавад.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумони Тоҷикистон, ба шаҳри Санкт-Петербург рафтааст. Вай дар тӯли ин сафараш, ки то 11-уми декабр идома хоҳад кард, аз ҷараёни таҳқиқи қатли Бахтиёр Расулов, як шаҳрванди Тоҷикистон, огоҳ хоҳад шуд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагон ба Радиои Озодӣ гуфт, сафари оқои Ватанов ба дунболи нигаронии раиси Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров аз қатли ин муҳоҷири тоҷик дар Русия анҷом мегирад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00
Линки мустақим


Дар охири моҳи ноябр Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи Бахтиёр Расулов дар Русияро шадидан маҳкум карда буд. ​Ба таъкиди Шукурҷон Зуҳуров, ин ҳодисаи аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия мавриди таъқиб қарор мегиранд. Ба ин хотир, раиси Маҷлиси намояндагон ибрози умедворӣ кард, ки ниҳодҳои зирабти Русия ҷиҳати пешгирии чунин амалҳои нангин иқдом хоҳанд кард.

Сухангӯи Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, Маҳмадалӣ Ватанов дар ин сафари худ аз номи тамоми намояндагони парлумон баромад карда ва пас аз бозгашташ дар назди вакилон ҳисобот хоҳад дод. Интизор меравад, дар ҷараёни ин сафари худ вакили порлумон Маҳмадалӣ Ватанов бо мақомоти Санкт-Петербург ва муҳоҷирони тоҷик ҳам дидору гуфтугӯ анҷом бидиҳад.

Сафари вакили порлумон ба Русия ва он ҳам барои ошноӣ бо ҷараёни таҳқиқи қатли як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин ниҳод барои бетафовутияш нисбат ба сарнавишти муҳоҷирон борҳо танқид шудааст.

Бахтиёр Расулов, сокини вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Санкт - Петербург таксӣ меронд, аз сӯи афроди номаълум дар яке аз ҷангалҳои атрофи шаҳр ба таври ваҳшиёна кушта шудааст. Қотилон Бахтиёр Расуловро чанд корд зада, сипас, сари ӯро аз тан ҷудо мекунанд ва сарашро ба қафои мошин андохта, мошинаашро оташ мезананд.

Ин ҳодиса вокунишҳои мухталифро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба дунбол дошт. Ҳатто вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар ин кишварро эҳзор ва нигаронии амиқи худро аз қатли Бахтиёр Расулов баён кард. Ин вазорат қатли шаҳрванди Тоҷикистонро паёмади ҳангома ва ҳаёҳӯе донистааст, ки расонаҳои Русия ва баъзе аз афроди саршиноси ин кишвар алайҳи муҳоҷирони тоҷик роҳандозӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG