Пайвандҳои дастрасӣ

Русия равобити дипломатии худ бо Қатарро коҳиш медиҳад


Сохтмони вазорати умури хориҷии Русия

Сохтмони вазорати умури хориҷии Русия

Русия эълом кард дар вокуниш ба ҳамла ба сафири ин кишвар дар Қатар, равобити дипломатии худ бо Доҳаро коҳиш медиҳад.

Ба гузориши Ройтерз, вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, Владимир Титоренко сафири Русия дар Қатар ба ҳамроҳи ду дипломати дигар рӯзи 29-уми ноябр дар фурудгоҳи Доҳа мавриди ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ қарор гирифтанд.

Тибқи ин гузориш, маъмурони амниятӣ ва гумрукӣ Қатар хостори тафтишу бозрасии бастаҳои дипломатиӣ вобаста ба сафири Русия шуданд, ки бо муқовимати сафир мувоҷеҳ шуд.

Тибқи ин гузориш, маъмурони амниятӣ, гумрук ва пулис исрор карданд то ин бастаҳоро тафтиш кунад ва кӯшиданд то онро ба зӯр бигиранд. Дар ниҳоят кормандони амниятӣ ба сафир ҳамла карда ва вайро дар ин ҳодиса «маҷруҳ» карданд.

Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, Владимир Титоренко пас аз ҳамла дар бемористон бистарӣ шуд.

Владимир Титаренко пештар ба РИО Новости гуфта буд: «Ибтидо умедвор будам, ки ин иттифоқ ба далели ноошноии кормандони гумруки фурудгоҳ ба Конвенсияи Венна рух додаааст, ки тибқи он дипломатҳо метавонанд бастаҳои дипломатиро, бидуни онки мавриди бозрасӣ қарор бигиранд, бо худ бигиранд.»

Вазорати умури хориҷии Русия ҳамчунин таъкид кардааст, ки ин рӯйдод «манфитарин паёмадҳо»-ро барои равобит байни Маскав ва Доҳа дар пай хоҳад дошт. Ин вазоратхона мушаххас накардааст, ки чӣ иқдомотеро рӯи даст хоҳад гирифт.

Ба гузориши Ройтерз, Владимир Титоренко гуфтааст, пас аз табобат Қатарро тарк хоҳад кард. Вай ҳамчунин гуфтааст, «акнун тӯб» дар майдони Қатар аст.

РИО Новости низ гузориш додааст, ки вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 30-юми ноябр сафири Қатар дар Маскавро ба ин вазорат иҳзор кард ва эътирози Маскав нисбат ба бадрафторӣ бо сафири Русия ба вай расонида шуд.

Тибқи гузоришҳо, вазорати умури хориҷии Русия ҳамчунин ёддошти эътирозомезеро ба сафири Қатар супурдааст. Қатар то кунун вокунише ба ин хабарҳо нишон надодааст.

Ба дунболи ҳодисаҳои Либия ва ҳимояти Қатар аз ҳамлаҳои НАТО ба Либия, Маскав аз ин мавқеи Доҳа интиқод карда буд. Русия ба ин бовар буд, бо вуҷуди таҳримҳои низомии Либия, Қатар ба мухолифони режими Қаззофӣ силоҳ медодааст.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар рӯзе, ки ба Владимир Титоренко дар фурудгоҳи Доҳа ҳамла сурат гирифт, гуфта буд: «Мо медонем, ки таҳрими низомӣ алайҳи Либия чӣ гуна иҷро шуд ва мухолифон силоҳҳои худро аз тариқи кишварҳое чун Қатар ва Фаронса дарёфт мекарданд.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG