Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди ИМА аз қонуншиканиҳо дар интихоботи Русия


ИМА аз хабарҳо дар бораи қонуншиканиҳо дар интихобот ба Думаи давлатии Русия изҳори нигаронӣ кард. Марк Тоунер, намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ки нигаронии Вошингтон аз ҷумла аз иттилои расида дар бораи ба қуттиҳо андохтани баргаҳои иловагии раъйдиҳӣ, тақаллуби натоиҷи интихобот ва фишор болои расонаҳо ва нозирони мустақил аст.

Аз ин пеш Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, изҳор намуд, шаҳрвандони Русия ҳаққи онро доранд, ки далелҳои қонуншиканӣ дар интихобот ҳамаҷониба тафтиш шавад.
XS
SM
MD
LG