Пайвандҳои дастрасӣ

Сарпечии Ҷиоева аз музокирот бо фиристодаи Кремл


Алла Ҷиоева

Алла Ҷиоева

Алла Ҷиоева, собиқ номзад ба мақоми раисиҷумҳури Осетияи ҷанубӣ, аз идомаи музокирот бо намояндаи дафтари президенти Русия Сергей Винокуров сарпечӣ кард ва гуфт, ки гуфтушунидҳо ноком шуданд.

Ба иттилои РИА Новости, Винокуров барои мусоидат дар ҳалли бӯҳрон дар Осетияи ҷанубӣ баъд аз қарори Додгоҳи Олии ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ оид ба лағви натоиҷи интихоботи президентӣ фиристода шуда буд.

Алла Ҷиоева дар интихоботи рӯзи 27 ноябр аз болои рақибаш Анатолий Бибилов, ки аз пуштибонии Маскав бархурдор буд, пирӯз шуд.

Ӯ аз болои қарори лағви натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ шикоят бурдааст ва аризааш имрӯз аз сӯи ҳамон Додгоҳи Олӣ бояд баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG