Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузаргоҳи Рас-Ҷдир ба дасти ҳукумати Либия гузашт


Нерӯҳои ҳукумати давраи гузори Либия гузаргоҳи калидии марзии Рас-Ҷдир, воқеъ дар сарҳади Тунисро, таҳти назорат гирифтанд. Ба гуфтаи вазири умури дохили Файзӣ Абдулалӣ, ин гузаргоҳ зери дасти ҷонибдорони раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ буд.

Гузаргоҳи Рас-Ҷдир ҳафтаи гузашта баъди он баста шуд, ки марзбонҳои тунисӣ бо далели таҳдиди ҳамла аз сӯи ҷонибдорони Қаззофӣ онро тарк намуданд. Рӯзи ҷумъа бо ҳамин далел гузаргоҳи Деҳиба низ баста шуда буд.

Аз охири ҳафтаи гузашта ширкати ҳавопаймоии Tunis Air парвозҳо ба Либияро қатъ кард.

Вазъ дар марзи миёни Либияву Тунис баъди ҳамлаи ҷонибдорони Қаззофӣ ба як корманди гумруки Тунис дар гузаргоҳи Рас-Ҷдир ноором шуд.
XS
SM
MD
LG