Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар Ироқ бар асари таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷира ҳангоми маросими Ошуро дасти кам 16 тан аз зоирон кушта ва 45 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ҳамла дар шаҳри Ҳилла, воқеъ дар сад километрии ҷануби Бағдод, ба вуқӯъ пайваст.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст ва аммо мақомоти Ироқ ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳҳои наздик ба «Ал-Қоида» кардаанд.
XS
SM
MD
LG