Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди Олмону Фаронса барои ҷилавгирӣ аз такрори бӯҳрон


Раҳбарони Олмону Фаронса ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори бӯҳрони қарзӣ дар ҳавзаи евро, хостори имзои аҳдномаи наве дар Иттиҳодияи Аврупо шуданд. Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса, баъди мулоқот бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, дар шаҳри Порис гуфт, мехоҳанд паймони наве имзо шавад, ки ҳама 27 кишвари узв ба он тарафдор бошанд. Аммо гуфт ӯ, ин паймонро метавонанд, танҳо 17 кишвари ҳавзаи евро имзо кунанд ва ҳаққи даҳ кишвари берун аз ҳавза доранд ба ин паймон довталабона бипайванданд.
XS
SM
MD
LG