Пайвандҳои дастрасӣ

Саркозӣ ва Меркел сарнавишти евроро баррасӣ карданд


Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон имрӯз дар шаҳри Порис доир ба бӯҳрони қарзии ҳавзаи евро гуфтӯгу карданд. Ин мулоқот дар остонаи нишасти раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо сурат гирифт, ки қарор аст, рӯзи 9 декабр баргузор шавад ва дар он тарҳи муҳими муқобила бо бӯҳрони қарзӣ дар ҳавзаи евроро муаррифӣ кунанд. Яке аз унсурҳои аслии барнома, ҳамоиши бештари 17 кишвари ҳавзаи евро, бахусус дар масъалаи тарҳрезии буҷаҳои кишварҳост, ки онҳоро ба кӯмакҳои изофии Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Марказии Аврупо мӯҳтоҷ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG