Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон мавзеъгирии кишварашро дар баробари Афғонистон эълом дошт.

Дар паёми худ ба Ҳамоиши Бонн, ки қадамҳои ояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди Афғонистонро баррасӣ мекунад, Ҳамроҳхон Зарифӣ таҳкими ҳамкориҳои минтақаиро бо истифода аз тарҳҳои зербиноӣ ва густариши тиҷоратро аз тариқи роҳҳои мошингарду оҳан, иншооти интиқоли нерӯибарқ, аз ҷумла тарҳи CASA-1000Ҷ лӯлаҳи газ ва пайвандҳои дигар асоси тағйири авзоъ дар Афғонистон номид.

Ба ҳайси омили дувум, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, зарурати тамаркуз ба рушди башарӣ дар Афғонистонро таъкид кард, ки ба гуфтаи ӯ аз тариқи омӯзишу парвариш боло хоҳад рафт ва Тоҷикистон ҳамчун кишварҳи дӯсту ҳамсояи Афғонистон тавонмандиҳои худро дар ин соҳа пешниҳод мекунад. "Гузашта аз ин, Тоҷикистон ташаббуси бунёди маркази омӯзишӣ ва тахассусии гуногунҷанбаъро дар Тоҷикистон ба миён мегузорад ва аз ҷомеаи байнулмилалӣ даъват мекунад, ба татбиқи ин ташаббус кӯмак намояд."

Пояи дигари субот дар кишвари ҳамсояро вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар кӯмак ба тарҳҳои кишоварзии Афғонистон, ташвиқи зироаткорони афғон ба парвариши зироатҳои ҷойгузини хашхош мебинад ва аз номи кишвари хеш пешниҳод кард, ки дар рӯдхонаҳои Омӯ ва Панҷ силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обӣ сохта, барои Афғонистонро барқ тавлид кунанд ва ҳам бо истифода аз обанборҳо саноати кишоварзӣ дар кишвари ҳамсоя густариш дода шавад. Ҷаноби Зарифӣ афзуд, Тоҷикистон аз эҳёи роҳҳои тиҷоратии бостонӣ барои рушди минтақа аз тарҳҳои байнулмилалӣ дар ин робита ҳимоят мекунад. Вай ишора кард, ки ин мавзӯъҳо дар нишасти ҳамкориҳои минтақаӣ дар баҳори соли оянда дар Душанбе баррасӣ хоҳанд шуд.

Як нуктаи дигари паёми Тоҷикистон ба ҳамоиши байнулмилалии Бонн дар масоили Афғонистон ин буд, ки танҳо ҳамкории шаффоф ва созандаи ҳамаи кишварҳо ба сулҳи пойдори Афғонистон ва рушди ҳамаи минтақаро роҳ боз хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG