Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавои номусоид кори фурудгоҳи Душанберо ба ҳам зад


Ҳавои номусоиди тира ва боридани барф кори фурудгоҳи шаҳри Душанберо ба ҳам задааст, ки эълом кард, ҳадди аққал то фардо ҳавопаймоҳоро қабул намекунад. Мақомоти фурудгоҳ гуфтанд, то кунун ҳавопаймоҳои се хатсайри Русияро амр доданд, то фурудгоҳи Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон фуруд оянд. Ду моҳ пеш низ ҳавои тираву ғубори зиёд кори фурудгоҳи байналмилалии Душанберо ба ҳам зада буд.
XS
SM
MD
LG