Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои Карзай аз ҷомеаи байналмилалӣ


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, баъди тарки нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014 барои як даҳсолаи дигар ба ин кишвар кӯмак кунанд. Ҳомиди Карзай гуфт, кишвараш барои ҳифзи дастовардҳои 10 соли гузашта ба кӯмакҳои байналмилалӣ мӯҳтоҷ хоҳад буд. Ҳомиди Карзай дар ин бора дар ҳамоиши байналмилалие дар шаҳри Бонн сӯҳбат мекард, ки дар он сарнавишти ояндаи Афғонистон баррасӣ мешавад: "Мо ҳоло аз ҳадафи ягонаи худ, яъне Афғонистони босубот, худкифо ва демократӣ дур ҳастем. Дар воқеъ чолишҳои боқимонда бузурганд ва метавонанд пешрафтҳои моро аз роҳ хориҷ кунанд ва ё аз байн баранд." Амрико ва кишварҳои дигар ваъда доданд, ки кӯмак ба Афғонистонро идома хоҳанд дод ва аз он хостанд, барои ислоҳоти сиёсӣ ва оштӣ ҷидду ҷаҳди бештар кунанд. Дар ҳамоиши Бонн намояндагони 100 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доранд. Аммо Покистон ба нишони эътироз аз марги 24 сарбозаш дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО аз ширкат дар ин конфронси байналмилалӣ даст кашид.
XS
SM
MD
LG