Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти Бонн бо ваъдаҳо ба Афғонистон оғоз ёфт


Дар шаҳри Бонни Олмон имрӯз ҳамоиши бузурги байналмилалие ифтитоҳ ёфт, ки дар он сарнавишти ояндаи Афғонистон баъди тарки нерӯҳои НАТО дар соли 2014 баррасӣ мешавад. Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷии Олмон гуфт, Афғонистонро раҳо нахоҳанд кард ва аз ҷомеаи байналмилал хост, ба ин кишвар ҳамчунон “кӯмакҳои амалӣ ва молӣ” кунанд: "Ҳадафи ин ҳамоиш, гузоштани замина барои як Афғонистони озоду амн ва шукуфо аст. Мо паёми рӯшане ба мардуми Афғонистон мефиристем, ки мо шуморо танҳо нахоҳем гузошт ва раҳо нахоҳем кард. " Дар ҳамоиш ҳайъатҳои тақрибан 100 кишвар ва созмонҳои байналилалӣ ширкат мекунанд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, низ дар ҳамоиши Бонн ҳузур хоҳанд дошт. Давлати Покистон баъди ҳамлаи хунини ҳавоии НАТО, ки 24 сарбози покистониро кушт, аз ширкат дар ҳамоиши Бонн даст кашидааст. Ҳомиди Карзай гуфтааст, Афғонистон барои таҳкими ниҳодҳои давлатӣ то соли 2024 ба кӯмакҳои берунӣ ниёз хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG