Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Матбуоти Эрон: "Ҳавопаймои амрикоӣ сарнагун шуд"


Расонаҳои Эрон мегӯянд, нерӯҳои кишвар як ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрикоро дар шарқи Эрон сарнагун кардаанд. Дар гузоришҳо омадааст, ин ҳавопаймо “чанд соат пеш” баъди вуруд ба қаламрави Эрон сарнагун шуд ва бо хисороти андаке ба дасти нерӯҳои мусаллаҳ афтод. Нерӯҳои ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон гуфтанд, шояд ин ҳавопаймои амрикоӣ бошад, ки иртибот бо он дар қаламрави Афғонистон қатъ шудааст. Ин ҳодиса чанд рӯз баъд аз ҳамлаи тазоҳургарони эронӣ ба сафорати Бритониё дар Теҳрон сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG