Пайвандҳои дастрасӣ

Саркозӣ хонум Меркелро дар Порис мизбонӣ мекунад


Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса, имрӯз бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар шаҳри Порис доир ба бӯҳрони қарзии ҳавзаи евро гуфтӯгу мекунад. Ин мулоқот дар остонаи нишасти раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо сурат мегирад, ки қарор аст, рӯзи 9 декабр баргузор шавад ва дар он тарҳи муҳими муқобила бо бӯҳрони қарзӣ дар ҳавзаи евроро муаррифӣ кунанд. Яке аз унсурҳои аслии ин барнома, ҳамоиши бештари 17 кишвари ҳавзаи евро, бахусус дар масъалаи тарҳрезии буҷаҳои кишварҳост. Дар ин сурат, ин кишварҳо ба кӯмакҳои иловагӣ аз Бонки Марказии Аврупо, Сандуқи Байналмилалии Пул ва ё дигар ниҳодҳо мӯҳтоҷ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG