Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии ояндаи тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар Душанбе


Тарҳи нерӯгоҳи Роғун имрӯз як масъалаи аслии гуфтӯгуи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Теодор Алерс, мудири амалиётҳо ва стротежии Бонки Ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо будааст. Теодор Алерс дар ин мулоқот аз ҷараёни таҳияи тарҳи фанниву иқтисодӣ ва арзёбии таъсироти иҷтимоиву муҳити зистии нерӯгоҳи Роғун гузориш додааст, ки бо мусоидати бонк анҷом мешавад. Теодор Алерс баъди ин мулоқот гуфт, Тоҷикистон қасд надорад, имсол пеши маҷрои рӯдхонаи Вахшро бубандад: "Онгуна ки ман фаҳмидам, ҳукумат қасд надорад, имсол пеши рӯдхонаро бубандад." Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки бастани маҷрои рӯдхона моҳи ноябр шурӯъ хоҳад шуд. Кишварҳои поёноби минтақа бахусус Ӯзбакистон мегӯяд, дар сурати такмили нерӯгоҳ, оби кофӣ барои обёрӣ нахоҳад дошт. Аммо Тоҷикистон мегӯянд, ин иддаъоҳо беасосанд ва нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегават, ягона роҳи наҷоти кишвар аз норасоии нерӯи барқ аст.
XS
SM
MD
LG