Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи ҳамоиши байналмилалӣ доир ба Афғонистон


Дар шаҳри Бонни Олмон имрӯз ҳамоиши бузурги байналмилалие ифтитоҳ ёфт, ки дар он сарнавишти ояндаи Афғонистон баъди тарки нерӯҳои НАТО дар соли 2014 баррасӣ мешавад. Дар ҳамоиш ҳайъатҳои тақрибан 100 кишвар ва созмонҳои байналилалӣ ширкат мекунанд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, низ дар ҳамоиши Бонн ҳузур хоҳанд дошт. Давлати Покистон баъди ҳамлаи хунини ҳавоии НАТО, ки 24 сарбози покистониро кушт, аз ширкат дар ҳамоиши Бонн даст кашид. Ҳомиди Карзай дар остонаи нишаст, ба ҳафтаномаи “Шпигел”-и Олмон гуфтааст, Афғонистон барои таҳкими нерӯҳои пулис, аришт ва дигар ниҳодҳои давлатӣ то соли 2024 ба кӯмакҳои берунӣ ниёз хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG